Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи ҳамкориҳои молии Чин бо Амрико


Имрӯз Янг Йечӣ-вазири хориҷаи Чин ба Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Амрико қавл дод, ки ҳукумати Чин бештари маблағҳои ҳангуфти худро дар хазинаҳои Амрико ҳифз хоҳад кард. Оқои Янг ҳамчунин ба хонум Клинтон ваъда дод, ки Чин дар раҳоии ҷаҳон аз бӯҳрони иқтсодӣ ба Амрико кӯмак мекунад. Хонум Клинтон дар посух гуфт:


"Ман ба ҳукумати Чин амиқан изҳори сипос мекунам, ки ҳамчунон ба умури хазонадории Амрико эътимод дорад. Ман фикр мекунам, ки ин эътимод заминаи хуб дорад. Мо ҳар гуна далел дорем, то бовар кунем, ки Амрико ва Чин бӯҳронро рафъ мекунанд ва як ҷо дар рафъи бӯҳрони ҷаҳонӣ кӯмак хоҳанд кард".

Янг Йечӣ-вазири хориҷаи Чин низ изҳор дошт, ки кишвараш бо Амрико дар рафъи буҳрони ҷаҳонӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG