Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Г. Шрёдер: «Эрон бояд Исроилро эътироф кунад»


Герҳард Шрёдер
Герҳард Шрёдер

Садри аъзами собиқи Олмон Герҳард Шрёдер (Gerhard Schroeder) аз мақомоти Теҳрон хостааст, ки Исроилро ба расмият бишиносад.

Ин сиёсатмадори собиқи олмонӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар Эрон ба сар мебарад, аз мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон хостор шуд, ки бо бознигарӣ дар мавозеъи сиёсии худ Исроилро ба расмият бишиносад. Г. Шрёдер ҳамчунин аз Теҳрон тақозо кардааст, ки вуқӯъи Ҳолокостро такзиб накунад.

Бар асоси суханронии оқои Шрёдер дар Утоқи саноеъи шаҳри Теҳрон, ки имрӯз рӯзномаи олмонии «Дойче алгмайне тсайтунг» («Deutsche Allgemeine Zeitung») чоп кардааст, садри аъзами собиқи Олмон ба ҷумҳурии исломӣ тавсия кардааст, ки , агар хоҳони ҷиддӣ гирифта шудан дар арсаи байнулмилалӣ ҳастанд, воқеъиятҳоро бипазиранд ва ба қавонини байнулмилалӣ пайравӣ кунанд.

Г. Шрёдер, ки пештар аз музокироти миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико истиқбол карда буд, афзудааст, ки музокирот бояд дар сатҳҳои олии сиёсӣ анҷом шаванд.
XS
SM
MD
LG