Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии шеваҳои беҳтари ҷанг бо Толибон


Вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО имрӯз дар шаҳри Краков шеваҳои беҳтари мубориза бо Толибон дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Роберт Гейтс - вазири дифоъи Амрико умедвор аст, ки дигар аъзои НАТО ба кишвари ӯ пайравӣ карда Афғонистон сарбозони бештар мефиристанд. Аввали ҳафта Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико дастури эъзоми 17 ҳазор сарбози иловагиро содир кард, ки дар маҷмӯъ теъдоди сарбозони Амрико дар Афғонистон ба 55 ҳазор нафар хоҳад расонд. Яаап Де Ҳоп Схеффер – дабири кулли НАТО гуфт, шикаст дар Афғонистон интихоби ин созмон нест: "Мо мисли ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо ниёз ба ирсоли нерӯҳои бештаре ба Афғонистон надорем. Иҷоза диҳед возеҳ бигӯям, ки “нерӯҳои бештар” ин нест, ки ба қафо нигарему мунтазири нерӯҳои бештари дӯстони амрикоӣ бишинем. Дигар шарикони мо ҳам бояд тааҳудоти худро иҷро намоянд." Дабири кулли НАТО ҳамчунин хостори ширкати бештари шаҳрвандон дар амри барқарории Афғонистон ва тавсиаи демокросӣ дар онҷо шуд. Дар нишасти шаҳри Краков Олмон ва Итолиё ваъда доданд, ки садҳо сарбози тозанафас ба Афғонистон мефиристанд, на ҳазорон, ки шариконашон дар НАТО умедворанд.
XS
SM
MD
LG