Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари қонунгузорони амрикоӣ ба Ғазза


Имрӯз ду қонунгузори амрикоӣ бо сафари камназире вориди минтақаи таҳти контроли Ҳамос - Навори Ғазза шуданд. Консулгарии ИМА дар Байтулмуқаддас гуфт, ки дар тӯли чаҳор соли охир ин аввалин бор аст, ки ду сиёсатмадори демократ (Браян Бейрд ва Кейт Эллисон) аз Ғазза дидан мекунанд. Як сухангӯи консулгарӣ гуфт, ки сенатор Ҷон Керрӣ ҳамчунон қарор буд баъди зӯҳри имрӯз вориди Ғазза шавад, то ин ки бо мақомоти маҳалливу байналмилалӣ гуфтгӯҳо ба роҳ монад. Сухангӯ афзуд, ки аммо дар ин ҳама диду боздидҳо нақшаи мулоқоти сиёсатмадорони амрикоӣ бо раҳбарони Ҳамос дар назар нест. ИМА Ҳамосро як созмони террористӣ арзёбӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG