Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Кобулу Исломобод ба Вашингтон мераванд


Фиристодаи вижаи ИМА дар Покистону Афғонистон Ричард Ҳолбрук гуфт, ки ин кишварҳо вазирони хориҷаи худро ба Вашингтон барои ширкат дар арзёбиҳои вазъи амниятии Афғонистону Покистон сафарбар хоҳанд кард. Ҳолбрук дар як барномаи телевизионии "News Hour With Jim Lehrer" гуфт, ки дар ҷараёни арзёбии ин масъала мақомоти ду кишвари меҳмон бо вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва мақомоти дигари амрикоӣ гуфтугӯ хоҳанд кард. Ҳолбрук ҳафтаи ҷорӣ аз сафари минтақа баргашт. Изҳороти вай баъди он садо дод, ки Барак Обама, президенти Амрико тасмими худро оид ба ирсоли 17 ҳазор нирӯи иловагӣ ба Афғонистон эълон кард. Дар ин сурат, шумори куллии сарбозони амрикоии мустақар дар Афғонистон ба 55 ҳазор нафар баробар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG