Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии IMF ба тарҳи зиддибӯҳронии Тоҷикистон


Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) эълом дошт, ки ҷиҳати пуштибонӣ аз барномаи зидибуҳронии Тоҷикистон ба ин кишвар 120 миллион доллар қарз хоҳад дод.

Аксел Шиммелпфенинг, намояндаи IMF гуфт, пажӯҳиши ин созмон муайян кард, ки соли 2009 Тоҷикистон бо мушкилиҳои бештари иқтисодӣ ру ба рӯ гашта, ниёзи ин кишвар кӯмакҳои молиявии байнулмилалӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, бар асари бӯҳрон ва кундии рушди иқтисодӣ дар Русия вазъи иқтисоди Тоҷикистон ба мушкил мувоҷеҳ мешавад.

Вай афзуд, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар соли гузашта беш аз ду миллиард доллар тариқи бонкҳо ба Тоҷикистон фиристодаанд, ки он ҳудуди 45 дарсади даромади нохолиси миллии ин кишварро ташкил додааст. Аммо ҳоло дар моҳи январи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта он 20 % коҳиш ёфтааст.

Намояндаи IMF афзуд, ки бар асари буҳрони молиявии ҷаҳонӣ рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон соли равон 3 дарсадро ташкил медиҳад ва мизони таварум ба 13 дарсад баробар мешавад.

Вай афзуд, коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷа тақозо ба ашёи аслии содиротии Тоҷикистон - пахтаву алюмин дар бозори ҷаҳонӣ ба сатҳи таварум ва рушди иқтисоди ин кишвар таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.

Аксел Шимелпфенниг, ҳушдорҳои Гурӯҳи Байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳоро дар бораи имкони суқути иқтисодию молии Тоҷикистон бепоя арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки Сандуқи баналмилали пул ва кишварҳои кӯмаккунандаи ҷаҳон омодаанд ба Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз пайомадҳои бӯҳрони молӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ мусоидат кунанд.

Шимелпфенниг таъкид кард, ки миёни давлати Тоҷикистон ва IMF барои ҳамкориҳо дар се соли оянда тавофуқоти аввалия ҳосил шуда ва ин созмон дар таҳияи тарҳҳои иқтисоди бузург дар шароити бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад. Вале Тоҷикистон бояд, ба ислоҳот дар сохторҳои иқтисодии давлат даст зада, шаффофияти фаъолияти онҳоро таъмин кунад. Вай таъсиси комисиюни махсус барои тафтиши корхонаҳои фаъоли давлатӣ ва тарҳи коҳиши қарзи воҳидҳои кишоварзиро аз сӯи давлати Тоҷикистон, истиқбол кард.

Қаблан, бархе аз коршиносони масоили иқтисодӣ аз давлат барои дар шароити бӯҳрони молиявӣ беш аз 15 дарсади буҷаи кишварро барои сармоягузории нерӯгоҳи обии Роғун, равона карданаш интиқод карда буданд. Аммо намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул аз қавли мақомоти Тоҷикистон гуфт, ки онҳо танҳо дар сурати иҷро шудани бахши даромади буҷа ин тарҳро сармоягузорӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG