Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт бар зидди тавлидкунандагони маводи мухаддир


Мақомоти низомии Бритониё мегӯянд, нируҳои Бритониё ва Афғонистон дар ҷараёни амалиёт бар зидди Толибон дар ҷануби Афғонистон дар моҳи ҷорӣ ба арзиши миллионҳо доллар маводи мухаддир боздошт кардаанд. Боб Эйнсворт-вазири дифоъи Бритониё мегӯяд:

"Маводи мухаддир душвории бузурге ҳам барои Афғонистон аст ҳам барои Бритониё. Тақрибан ҳамаи ҳероини кӯчаву хиёбонии Бритонё аз Афғонистон меояд".

Вазорати дифоъи Бритониё гуфтааст, нируҳо дар водии Сангини вилояти Ҳилманд- яке аз марказҳои Толибон дар Афғонистон дар чаҳор корхонаи тавлиди маводи мухаддир амалиёт анҷом додаанд. Мақомот мегӯянд, дар ин амалиёт гашиш, маводи кимёвӣ ва таҷҳизоте ба даст омадааст, ки ҳероин тавлид мекунад. Ба гуфтаи онҳо, ин таҷҳизот дар "кӯчаҳо"-и Аврупо метавонад ба арзиши 70 миллион доллар ба фурӯш равад. Дар ҷараёни амалиёт ҳамчунин 20 толиб кушта шудаанд. Дар ин амалиёт, ки зери номи рамзии "Амалиёти Дизел" анҷом гирифтааст, 700 нафар нируҳои бритониёӣ ва афғон ширкат доштаанд.

XS
SM
MD
LG