Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон дар Индонезия музокира анҷом медиҳад


Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Амрико дар идомаи силсилабоздидҳои худ аз кишварҳои Осиё вориди Индонезия мешавад. Вай ин силсилабоздидҳоро бо Ҷопон оғоз кард. Қарор аст баъд аз Индонезия хонум Клинтон боздидҳояшро аз Куриёи Ҷанубӣ ва Чин идома диҳад. Индонезия бузургтарин кишвари мусулмоннишини ҷаҳон аст. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мехоҳад Амрико бо ҷаҳони ислом равобити хуб барқарор кунад.

XS
SM
MD
LG