Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодиров фурӯхтани водкаро маҳдуд кард


Рамазон Қодиров - раиси ҷумҳури Чеченистон фармон додааст, то фурӯши машрубот дар ин ҷумҳурии Русия маҳдуд карда шавад, яъне аз соати 8 то 10 шаб. Бар асоси ин фармон ҳамчунин фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар моҳи Рамазон дар Чеченистон мамнӯъ хоҳад буд. Фурӯши нӯшокиҳое, ки дар таркибашон на бештар аз 15 фоиз алкоҳол доштаанд, маҳдуд намешавад, вале водка ва дигар навъи машруботи сахттаъсир чун пештара озод нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG