Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолбрук бо мақомоти Ҳинд мулоқот мекунад


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон, имрӯз дар идомаи силсиласафараш ба кишварҳои минтақа дар Деҳлии нав бо мақомоти Ҳинд вазъи Афғонистон ва равобити танишомези Ҳинду Покистонро баррасӣ мекунад. Ҳолбрук дар пайи дидор аз Кобулу Исломобод дирӯз вориди пойтахти Ҳинд шуд. Ҳинд ҷангиёни покистониро дар ҳамлаҳои моҳи ноябри соли гузашта болои Мумбай, маркази тиҷоратии Ҳинд, айбдор мекунад. Дар он ҳамлаҳо беш аз 170 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG