Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 12 нафар дар водии Курам


Мақомоти Покистон ва сокинон мегӯянд, имрӯз бар асари ҳамлаи мушакии Амрико дар водии қабиланишини Курам дар наздикии марз бо Афғонистон дастикам 12 нафар кушта шуданд. Бино ба хабарҳо, ин ҳамла тавассути ҳавопаймои бидуни сарнишин анҷом шуда, манзили фармондеҳи маҳаллии ҷангиёни толибро тахриб кардааст. Амрико алайҳи ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида дар манотиқи бо Афғонистон ҳаммарзи Покистон аз чунин ҳамалот бо истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин истифода мекунад. Покистон мухолифи чунин ҳамлаҳо буда, мегӯяд, ки ҳамлаҳои мушакии Амрико пуштибонии мардум аз ҷанг алайҳи Толибонро замин мекунад.
XS
SM
MD
LG