Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон раиси КМО интихоб шуд


Имрӯз Ассамблеяи ҳисоботиву интихоботи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро раиси ҷадиди ин ниҳоди ғайридавлатӣ интихоб кард. Эмомалӣ Раҳмон барои 4 соли оянда раиси Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шуда, дар ин симат Баҳриддин Раҷабалиев, фармондеҳи Горди раёсатҷумҳуриро иваз мекунад. Раҷабалиев тайи як давра раҳбарии ин кумитаро бар ӯҳда дошт ва дар давраи ӯ ду узви тими олимпии Тоҷикистон – гӯштигирон Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев – дар Бозиҳои олимпии Пекин 2 медали нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG