Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолбрук бо Карзай мулоқот хоҳад кард


Фиристодаи нави раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама дар Афғонистону Покистон бояд имрӯз бо раҳбари Афғонистон Ҳомиди Карзай дар Кобул дидору мулоқоте анҷом диҳад. Ҳолбрук пеш аз ин чаҳор рӯз дар Покистон қарор дошт, аммо аз рӯи мушоҳидаҳои расонаҳои хабарӣ, роҷеъ ба стратегияи нави Амрико дар Афғонистон, ки ба ҳайси барномаи авлавиятноки маъмурияти нав арзёбӣ мешавад, хеле кам сӯҳбат кард. Ҳолбрук гуфтааст, ки барои ИМА "Афғонистон чолиши сахттаре назар ба Ироқ" хоҳад шуд. Сафари даҳрӯзаи Ҳолбрук ба минтақа бо боздид аз Ҳинд анҷом меёбад.
XS
SM
MD
LG