Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи сабқати "Ҷоми Қаротегин"


Дар ноҳияи Ҷиргатоли водии Рашт зери шиори «Ташаккули ҷомеаи солим» ва таҳти унвони «Ҷоми Қаротегин» як мусобиқаи минтақавии бозии тенниси рӯимизӣ баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа беш аз 50 нафар варзишгар аз навоҳии водии Рашт давоми се рӯз бо ҳам сабқат намуданд.

Мусобиқаи мазкур бо ибтикори ҳафтаномаи «Қаротегин» - нашрияи мақомоти ноҳияи Ҷиргатол сурат гирифт.

Сардабири ин ҳафтанома Далер Сафаров гуфт, мусобиқа хеле ҷолиб сурат гирифт ва мақоми аввал ва ҷоми ҳафтаномаи «Қаротегин» насиби теннисбози ҷиргатолӣ Ҳусниддини Муҳиддин гардид. Муродбек Тавалдиев, донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, бар дигар ҳарифон ғолиб омада, мақоми дуввумро касб кард.

Оқои Сафаров ин чорабиниро, ки барои аввалин бор тайи солҳои ахир доир шудааст, дар рушди солимии ҷомеа хеле пураҳамият номид.

Дар ҳамин ҳол Ҷамшед, як сокини минтақа ва ширкаткунандаи мусобиқаи «Ҷоми Қаротегин», бо ибрози хушнудӣ аз баргузории ин чорабинӣ мегӯяд, беҳтар мебуд, ки чунин иқдоми рӯзноманигорони ҷиргатолиро муассисаҳо ва идораҳо дар навоҳии водӣ ба хотири рушди варзиш ва саломатии ҷомеа роҳандозӣ мекарданд.

Далер Сафаров, сардабири ин ҳафтаномаи «Қаротегин», гуфт, тасмим гирифтаанд, ки аз ин ба баъд ҳарсола мусобиқаи «Ҷоми Қаротегин»-ро баргузор кунанд.

XS
SM
MD
LG