Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи аъзои Конгресс бар сари барномаи кӯмак


Аъзои Конгресси Амрико бар сари барномаи 789-миллиарддоларии кӯмак ба иқтисоди бӯҳронзадаи ин кишвар даст ба тавофуқ ёфтаанд. Ҳаррӣ Рейд, раҳбари аксарияти демократӣ дар Сенат, гуфт, ин барнома, ки маъмурияти президент Барак Обама пешниҳод кардааст, беш аз 3 миллион ҷойи нави корӣ эҷод хоҳад кард. Аммо ӯ аз шарҳи ҷузъиёти бештари муомилаи бадастомада бар сари ду тарҳи мухталифи ин барнома, ки Сенат ва Маҷлиси намояндагони Конгресс ҳар кадом алоҳида қабул кардаанд, худдорӣ варзид. Бино ба хабарҳо, тарҳи ниҳоии барномаи кӯмак ба иқтисоди Амрико имрӯз дар маърази раъйгирӣ гузошта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG