Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоятҳо ба дунболи манъи "Тангем"-ҳо


Донишҷӯёни тоҷик тайи ду соли ахир бо шарофати мусофирбарҳои хурди чиноӣ - «Тангем»-ҳо интизорӣ дар истгоҳҳоро аз ёд бурда буданд.

Вале акнун дигарбора ба дарди кӯҳна ва сахт мувоҷеҳ шуданд. Манъи ҳаракати серистифодатарини мусофирбар яъне «Тангем» дар кӯчаҳои аслии пойтахти Тоҷикистон равуои донишҷӯён ба донишгоҳҳои кишварро хеле мушкил кардааст.

Зулфия донишҷӯе, ки дар яке аз ҷодаҳои шаҳр мунтазири нақлиёт ҳар замон ба соати дастиаш нигариставу нороҳатӣ мекард, гуфт, «вақте «Тангем»-ҳо дар кӯчаҳо ҳаракат мекарданд, мо аслан мушкили нақлиёт надоштем, саривақт ба дарс ҳозир мешудем. Ҳозир автобусу тролейбусҳо каманд ва мо наметавонем зуд ба ҷойи зарурӣ расем.»

Як устоди донишгоҳи миллӣ, ки баёни номашро зарур надонист, гуфт, ки ба дунболи дастури шаҳрдории Душанбе дар 3 рӯзи гузашта муҳассилин дар соатҳои аввали дарсӣ ҳамеша дер мекунанд. Аммо на танҳо донишҷӯён ҳатто устодони донишгоҳ ҳам наметавонанд саривақт ба дарсҳо ҳозир шаванд.

Латофат низ донишҷӯ аст. Ӯ мегӯяд маҳдуд кардани ҳаракати «Тангем» на танҳо равуои донишҷӯёнро мушкил мекунад, балки ҷайби холии ин табақаи камбизоату мӯҳтоҷро ба қавле сӯрох мекунад. Чаро ки донишҷӯён маҷбуранд, барои расидан ба донишгоҳ аз 2 нақлиёт истифода баранд. Вале барои кам кардани харҷи худ онҳо як роҳи дигар ҳам доранд субҳи барвақт аз хона баромадану нисфи роҳро пиёда тай кардан

Шаҳрдори Душанбе манъ ё маҳдуд кардани ҳаракати «Тангем»-ро дар ҷодаҳои асосии пойтахт ба бехатарии нақлиёт ва таъмини амнияти мусофирон рабт медиҳад. Ҳамакнун «Тангем»-ҳо хатсайри худро иваз кардаву тариқи паскуча ва роҳҳое ҳаракат мекунанд, ки ягон аломати роҳ надоранд ва ба қавли ронандагони нақлиёт баръакс дар хатсайри нав хатари афзудани ҳолатҳои садамавӣ бештар аст.

Зимнан ба қавли бархе аз масъулин бо иллати бетаҷрибагии аксари ронандагони «Тангем»-ҳо, ки ғолибан ҷавононанд шумори ҳодисаҳои нақлиётӣ низ дар пойтахт афзуда буд. Ва маҳз бо пеш овардан ин сабабҳо соли 2007 ҳам бори аввал фаъолияти тангемҳоро дар хиёбонҳои марказии шаҳр манъ карда буданд. Имрӯз шумори «Тангем»-ҳо дар шаҳр ба 5,5 ҳазор адад мерасидааст.

«Тангем», ки ҳоло аз истифодаи он ҳукумати шаҳр парҳез мекунад, аз чанд соли пеш мушкили равуои мардум дар пойтахти Тоҷикистонро сабуктар кард. Ин мусофирбар тавонист дар ин муддат бозори дигар навъи нақлиёт ва ҳатто таксиҳоро ҳам танг кунад ва қиммати роҳкироро ҳам поён биёрад.
XS
SM
MD
LG