Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Раҳмон бо дабири кулли НАТО


Эмомалӣ Раҳмон ва Яаап Де Хооп Схеффер
Эмомалӣ Раҳмон ва Яаап Де Хооп Схеффер

Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер дидору гуфтугӯ кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳини дидор бо дабири кулли ин созмон дар Брюссел гуфт, «НАТО ҳамчун омили аслии таъмини амният дар Афғонистон мебояд бо кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон, бахусус Тоҷикистон, ҳамкориҳои худро фаъолтар кунад.»

Яаап Де Хооп Схеффер нақши Тоҷикистон дар минтақа ва дар ҳамкорӣ бо НАТО дар Афғонистонро муҳим арзёбӣ кард.

Дар ин мулоқот масъалаи ҷудо кардани таҷҳизоти техникии нав барои марзбонони тоҷик, омодасозии мутахассисони низомии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин масъалаи истифодаи имконоти созмони НАТО барои пиёдасозии тарҳҳои энержии Тоҷикистон матраҳ шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин пешниҳод карданд, ки дар Тоҷикистон маркази махсуси НАТО ва як маркази дигари наҷотдиҳӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардад.

Дар охири дидор президенти Тоҷикистон дабири кулли НАТО-ро барои дидор аз Тоҷикистон даъват кард.
XS
SM
MD
LG