Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пойгоҳ бо сабабҳои иқтисодӣ баста мешавад"


Раиси ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев гуфт, ки тасмими бастани пойгоҳи низомии Амрико сирф бо сабабҳои иқтисодӣ гирифта шуд, чунки Вашингтон нахост барои истифодаи он қимати одилона пардохт кунад. Ҳафтаи гузашта, баъди он ки Боқиев аз Маскав ваъдаи дарёфти ду миллиард доллар қарзро ба даст овард, дар бораи баста шудани пойгоҳи низомии Манас хабар дод. Имрӯз дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек Боқиев гуфт:

"Ман ҳам ба Кандализа Райс ҳангоми ба ин ҷо омаданаш гуфта будам ва ҳам ба вазири дифоъ ҷаноби Гейтс ва ба ҳама сенаторҳое, ки ин ҷо омада мехостанд бо ман гуфтугӯ кунанд, ман борҳо гуфтам, ки "ҷанобҳо, мо бояд шароити созишномаро бознигарӣ кунем. Замона дигар шудааст, нархҳо дигар шудааст, Қирғизистон шароити начандон хуби молиро пушти сар мекунад, моро фаҳмед, биёед бознигарӣ кунем".- "Хуб-хуб" - гуфтанд, як сол "хуб" гуфтанд, соли дигар "хуб" гуфтанд, соли сеюм "хуб" гуфтанд. Чӣ қадар нодида гирфтан мумкин аст? Мо як давлати мустақили ҳуқуқбунёд ҳастем, мо бояд худро эҳтиром кунем".

ИМА соли 2001 бо ҳадафи расидагӣ ба амалиёти низомӣ дар Афғонистон ба истифодаи пойгоҳе дар Қирғизистон шурӯъ кард. Боқиев имрӯз гуфт, ки мутмаин аст тасмими мазкур равобити дуҷонибаи миёни Қирғизистон ва Амрикоро халалдор намекунад. Қарор буд ҳафтаи ҷорӣ аъзои парлумони ин кишвар барои ин қарор овоз медоданд, аммо овоздиҳӣ ба таъвиқ афтод.
XS
SM
MD
LG