Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъуди сипаҳсолор ва ватандӯст


Бо мушорикати намояндагони сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, наздикони Аҳмадшоҳи Масъуд ва адибони махаллӣ дар шаҳри Кӯлоб муаррифии китоби тозанашри Саид Раҳмон зери унвони «Масъуди сипаҳсолор» баргузор шуд.

Романи «Масъуди сипаҳсолор», ки аз рӯзгори пур аз таззоди каҳрамони миллии Афгонистон Аҳмадшоҳи Масъуд нақл мекунад, писанди ҷамъомадагон гардид. Муаллиф зимни муаррифии китоб гуфт, ки ба хотири иншои ин асар чаҳор соли умри худро сарф карда, ба хотири ба даст овардани иттилои воқеӣ дар бораи каҳрамони маркази ҳангоми сафар ба Афғонистон ранҷи зиёд кашидааст.

Ҳарчанд ба қавли муаллиф, медонист, ки иншои асар дар мавриди зиндагиномаи Масъуд дар ҳоле, ки Афғонистон гирифтори даргириҳост, кори саҳл нест, аммо ӯ ба хотири қаҳрамон - нафаре, ки умри худро барои меҳан қурбон кардааст, даст ба чунин иқдом зад. Чаноби Саид Раҳмон мегӯяд, симои Аҳмадшоҳи Масъуд бояд дар адабиёти муосири тоҷик ба хотири боло бурдани ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ бештар тарғиб шавад. Зеро шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд аз зумраи афроде буд, ки умре барои озодии меҳан ва истиқлоли воқеии мардуми кишвари худ мубориза бурдааст. Инчунин вай аз нахустин нафаронест, ки дар баробари Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон хостори сулҳ миёни тоҷикон шуда, ду ҷониби даргирро барои аввалин бор дар соли 1994 дар Хусдеҳи Афғонистон сари мизи музокирот даъват намуда, бад ин васила заминаи истиқрори сулҳи тоҷиконро дар соли 1997, ки миёни мухолифин ва ҳукумат дар Маскав ба имзо расид, гузоштаанд. Саид Рахмон мегӯяд, маҳз чунин нуқтахои муҳим дар роман ба таври бадеӣ дарҷ гардидаанд.

Ҳар боби ин китоби бо порчаҳо аз ашъори Халилулоҳи Халилӣ шурӯъ шудааст. Инчунин боби махсусе низ дар мавриди дӯстии Саидамир Зуҳуров, собиқ вазири амнияти кишвар бо Аҳмадшоҳи Масъуд нигошта шудааст. Дар ҳамин ҳол намояндагони сафорати Афғонистон аз чопи романи мазкур истиқбол намуда, изҳор доштанд, ки пас аз омӯзиш романро аз сирилик ба ҳуруфи форсӣ баргардоӣ менамоянд.
Бояд гуфт, романи «Масъуди сипаҳсолор» бо теъдоди ҳазор нусха бо пуштибонии ҳукумати шаҳри Кӯлоб нашр шудааст.
XS
SM
MD
LG