Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тамдиди ҳузури СММ дар Гурҷистон


Дипломатҳо дар Шӯрои амнияти СММ ҳафтаи ҷорӣ ният доранд тарҳи қатъномаи тамдиди мӯҳлати ҳузури ҳайати нозирони СММ-ро дар минтақаи Абхозистон барои чаҳор моҳи дигар баррасӣ кунанд. Мӯҳлати феълии ҳузури нирӯҳо бояд рӯзи якшанбе, 15 феврал ба итмом расад. Дар пешорӯи раъйдиҳӣ вазири хориҷаи минтақаи ҷудоихоҳ Сергей Шамба таҳдид кард, ки мақомоти ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ намегузоранд, ки ҳайати СММ дар хоки ин ҷумҳурӣ фаъолияти худро идома диҳад. Шарти Абхозистон ин аст, ки дар вазифаву исми ҳайати СММ бояд мақоми мустақили Ҷумҳурии Абхозистон ҳатман зикр шавад. Гурҷистон гуфтааст, ки дар сурати дигар шудани исми ҳайати СММ Тифлис иҷозаи истиқрори ин нирӯҳоро дар қаламраваш нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG