Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон ба музокирот бо Эрон умед дорад


Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Аамрико мегӯяд, вай умедвор аст, ки Амрико ва Эрон имкон доранд, роҳеро барои гуфтугӯ пайдо кунанд, то ин роҳ онҳоро роҷеъ ба як силсила масоил ба ҳусни тафоҳум раҳнамун созад. Ҳангоме, ки хонум Клинтон бо Карел Шварзенберг-вазири хориҷаи ҷумҳурии Чех зоҳир шуд, аз вай дар бораи изҳороти Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон пурсиданд ва гуфтанд, Аҳмадинежод гуфтааст, ки аз музокирот бо Вошингтон истиқбол мекунад, ба шарти ин ки ин музокирот бар пояи эҳтироми муттақобила анҷом бигирад. Хонум Клинтон дар посух гуфт, ҳоло Эрон имкон дорад, ки ҳусни тафоҳум нишон диҳад ва мунозироти ҷиддиву масъулиятнокро бо Амрико оғоз кунад. Вай афзуд, Амрико ҳамоно мухолифи барномаҳои ҳастаии Эрон аст.
XS
SM
MD
LG