Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди ИМА ва Русия аз ифтитоҳи роҳҳо ба Афғонистон


Як дипломати аршади Иёлоти Муттаҳида бо мақомоти Русия ифтитоҳи роҳҳои нави икмоли нерӯҳои НАТО дар Афғонистон аз тариқи Русияро баррасӣ мекунад. Сафорати Амрико дар Маскав мегӯяд, Патрик Мун, ноиби ёвари вазири умури хориҷӣ, ки барои Афғонистон масъул аст, барои ин гуфтушунид вориди Маскав шудааст. Гуфтугӯ бо мақомоти Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки Қирғизистон гуфтааст, тасмими ихроҷи пойгоҳи ҳарбии Амрико аз ин кишвар як тасмими ниҳоист. Русия дар ин байн аломат додааст, ки ба транзити амволи ғайринизомии НАТО ба Афғонистон мушкил нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG