Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ниссан" дар як сол қариб 3 миллиард $ зиён дид


Ширкати ҷопонии мошинсозии “Ниссан” талафоташ дар як соли молиро, ки моҳи март ба поён мерасад, ҳудуди 2 миллиарду 900 миллион доллар баровард кардааст. Ин ширкат мегӯяд, то соли оянда шумори коргаронашро 20 000 коҳиш хоҳад дод. Феълан дар корхонаҳои “Ниссан” дар саросари ҷаҳон тақрибан 240 000 нафар кор мекунанд. “Ниссан” дар семоҳаи севвуми соли молӣ 731 000 адад мошин фурӯхтааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 19 дарсад камтар аст.
XS
SM
MD
LG