Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолбрук имрӯз вориди Исломобод мешавад


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон, имрӯз силсиласафари серӯзааш ба кишварҳои минтақаро аз дидори Исломобод ва мулоқот бо раҳбарони Покистон шурӯъ мекунад. Баҳси стротежии фарогири фурӯ нишондани ифротгароӣ ва муқовимати ҷангиён дар минтақа як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар ин гуфтугӯҳо ном бурда мешавад. Ҳолбрук ахиран дар анҷумани байналмилалии амниятӣ дар Мюнихи Олмон гуфт, ба бовари ӯ, ба Афғонистон овардани сулҳу субот назар ба Ироқ сангинтар хоҳад буд. Ҳолбрук гуфт, стротежии ҷадид ҷалби куллия кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон, аз ҷумла Покистонро лозим мехонад.
XS
SM
MD
LG