Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарбатҳои тоҷикӣ дар намоишгоҳи Маскав


Панҷ корхонаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байнулмилалии саноати ғизо ва нӯшока мавсум ба ПродЭкспо-2009, ки имрӯз, 09 феврал дар Маскав шурӯъ шуд, аз ин кишвар намояндагӣ мекунанд.

Ин корхонаҳо “Шарбатҳо” ва “Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ” (собиқ Гули Кӯҳсор”) аз шаҳри Душанбе ва “Корхонаи консервбарории Ҳасанов”, “Элита-Истаравшан”, ва “Тоҷфрут” аз вилояти Суғд мебошанд.

Шонздаҳумин намоишгоҳи байнулмилалии саноати хӯрока ва нӯшока - ПродЭкспо-2009 то 13 феврал идома ёфта, бо мусоидати ҳукумати шаҳри Маскав ва Палатаи тиҷорат ва саноати Русия доир мешавад. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хӯрока дар ҳудуди собиқ Шӯравӣ бо кӯмаки молӣ ва фаннии Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ) ва Маркази байнулмилалии тиҷорат (ITC) имконпазир гардидааст.

Маттиас Ҳалдер, раҳбари лоиҳаи «Дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон» (GTZ) бар ин назар аст, ки намоишгоҳ барои корхонаҳои Тоҷикистон имкони хубест, то маҳсулоти худро ба доираи васеъи истеъмолкунандагон дар Русия, Аврупои Шарқӣ ва Ғарбӣ нишон бидиҳанд. Ба қавли ӯ, ин намоишгоҳ имкон медиҳад, то корхонаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷӣ робитаҳои мутақобилан судманд барқарор намоянд ва ҳамзамон, бино бар рақобати шадид дар бозорҳо онҳоро ба чолиш мекашад.

Аз ҷониби корхонаҳои Тоҷикистон намудҳои гуногуни маҳсулот барои намоишгоҳ омода шудааст, ки ба гуфтаи Саидмӯъмин Камолов, раҳбари лоиҳаи Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, ба корхонаҳои Тоҷикистон имкони воқеъии пешбурди тиҷорати худ дар бозорҳои беруна, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва роҳҳои нави фурӯшро фароҳам меорад.
XS
SM
MD
LG