Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 100 нафар дар сӯхторҳои Австралия кушта шуданд


Дар фоҷеъабортарин оташсӯзиҳои торихи Австралия бештар аз 100 нафар кушта шудаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки мумкин аст шумораи кушташудагон афзоиш ёбад. Ҳоло шумораи қурбониёни ин оташсӯзӣ ба 108 нафар расидааст ва баъзе шаҳракҳо комилан аз байн рафтаанд. Дар аёлати ҷануби шарқии Виктория 750 хона хароб шудааст. Пулис бовар дорад, ки дар баъзе ҷойҳо харобкорон қасдан оташро фурӯзон кардаанд. Нируҳои артиш барои кӯмак ба оташнишонон ба маҳали ҳодиса фиристода шудаанд.

XS
SM
MD
LG