Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили IMF бо Тоҷикистон бартараф шуд


Сандуқи байнулмилалии пул (IMF) эълом дошт, мушкиле, ки бар асари ироаи маълумоти носаҳеҳ аз сӯи Тоҷикистон рӯ зада буд, рафъ шудаааст.

Акнун ин созмон омодааст, барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои манфии бӯҳрони молиявӣ ба ин кишвар кӯмак кунад.

Аксел Шиммелпфенинг, намояндаи IMF баъд аз мулоқоташ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон кулли ӯҳдадориҳои марбут ба барномаи мониторинги ин созмонро иҷро карда, ба марҳилаи тозаи ҳамкорӣ бо IMF расидааст. Вай гуфт, феълан Тоҷикистону Сандуқи байнулмлалии пул, барои роҳандозии як барномаи ҷадид ҷиҳати кӯмак ба рушди иқтисодӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ гуфтушунид доранд.

Шиммелпфеннинг афзуд, IMF барои коҳиши таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ вазъи иқтисоди ин кишварро барои соли 2009 пешбинӣ карда, ба ин кишвар тавсияҳои судманди иқтисодӣ медиҳад.

"Гурӯҳи кории мо бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ба ин ҷо омада, дар ин сафари дуҳафтаина вазъи иқтисодии Тоҷикистонро бо мақомоти он барои соли 2009 таҳлилу пешбинӣ намуда, барои кам кардани таъсири буҳрони иқтисодӣ ба ин кишвар мусоидат мекунад."

Шимелпфеннинг афзуд, ҳарчанд, нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2008 мисли шохиси Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8 дарсад, ва сатҳи таварум 12-дарсадро ташкил дода, қаноатмандкунандаанд, аммо бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ вазъи иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2009 мушкилтар хоҳад кард. Вай гуфт, коҳиши сатҳи рушди иқтисодии дунё ба Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Зеро аз як сӯ ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷа кам мешавад ва аз сӯи дигар суст шудани мизони рушди иқтисоди дунё, ба коҳиши тақозо ба ашёи аслии содироти Тоҷикистон -- пахтаву алюмин дар бозори ҷаҳонӣ боис шуда, вазъи Тоҷикистонро душвортар мекунанд.

Қаблан, Шариф Раҳимзода, раиси Бонки милии Тоҷикистон гуфта буд, IMF ба Тоҷикистон 150 миллион доллар қарз ихтисос хоҳад дод.

Аммо намояндаи IMF, аз ироаи маълумот дар хусуси ҳаҷми кӯмакҳои ин созмон ба Тоҷикистон ба далели ҳанӯз баррасӣ нашудани вазъи иқтисоди Тоҷикистон худдорӣ кард. Аксел Шиммелпфенинг гуфт, созмони мазбур баъд аз анҷоми баррасии вазъи иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба тақозои ин кишвар кӯмаки молӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG