Ахиран сокинони ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон номаи дастаҷамъӣ навишта, аз ӯ хостаанд, барои шикори хирсҳо ва хукҳои ёбоии ноҳия, ки шуморашон зиёд будааст, дастур бидиҳад, зеро ин ҳайвоноти ваҳшӣ майдонҳои киштро хароб карда, тарсу бими мардумро аз ҳамлаҳои ёҳтимолиашон ба ҷони инсонҳо афзудааст.
Аҳроридин Раҷабов, раиси муассисаи давлатии ҳифзи ҷангали вилояти Хатлон, мегӯяд, шикори хирс танҳо дар як ноҳия ва он ҳам дар ноҳияи Балҷувон, дар 250-километрии ҷанубу шарқи Душанбе, мумкин дониста шудааст, аммо дар навоҳии дигари вилояти Хатлон ҳамоно хирс ҳайвони камёфт ба шумор рафта, агар мавриди шикор қарор бигирад, шикорчиён ба муҷозот кашида хоҳанд шуд:
«Аз тарафи органҳои махсус ба ҳукумати Тоҷикистон ахбор рафтааст, ки хирсҳо ба хоҷагии хлқи ноҳияи Балҷувон зарар мерасонад, аз ҳамин лиҳоз Президенти кишвар иҷзозат дод, ки агар ба мардум зарар расонад, парронед хирсҳоро…»
Дар ҳамин ҳол Воҳид Воҳидов, мегӯяд, шикорчии аршади вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳарчанд қатли хирсҳо дар Балҷувон раво дониста мешавад, аммо то ҳанӯз ҳеҷ як хирс кушта нашудааст, аммо мебояд аз идомаи ҳама гуна харобкориҳои хирсҳо ва ваҳшатафканиҳояш дар Балҷувон ҷилавгирӣ кард, зеро ин ноҳия аз сӯйи ҳукумат минтақаи туризми байналмилалӣ эълом шудаву вуҷуди хирсу хукҳои ёбоӣ метавонад боиси фирори ҷаҳонгардон аз Балҷувон гардад:
«Ҳарчанд ба шикорчиён иҷозат додаанд, аммо ягон хирс кушта нашудааст. Мардуми Балҷувон шикоят доранд, ки хирсҳо рӯз намедиҳанд, картошкаву чормағзашона мехӯранд, заминҳои наздиҳавлигиашонро тахриб мекунанд. Аз ин рӯ, хирсҳоро танҳо паррондан лозим аст, онро ба дом афтондан намешавад, зеро хирс ҳайвони калонҷуссаву қавист».
Бо ин вуҷуд ҳанӯз ҳисоби дақиқ нест, ки шумори хирсҳо дар Балҷувон чӣ қадар аст. Коршиносон мегӯянд, маъмулан хирсҳо аз 21-уми декабр то 21-уми март ба хобби зимистона рафта, дар ин марҳила ёҳтимоли ҳамлаи онҳо ба мардум ва дороиҳои онон ба сифр баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти муассисаи давлатии ҳифзи ҷангали Хатлон ба шикорчиён иҷоза додаанд, хуки ёбоӣ, кабк, заргӯш ва кафтарро низ шикор кунанд, аммо доштани моҳӣ аз рӯду кӯлҳои вилоят муваққатан мамнӯъ эълом шудааст.

Рафик рахмонов бас будагист.тули 28 сол дар кишвар хеч чои горатнашуда намонд.хама сохторхои давлати аз рахмонов норозианд. Онхо низ мунтазири халк хастанд. Насиб бошад хамин сол халки чабрдидаи точик дигаргунихоро мебинад
Агар ин занон пулу маблаг надоранд,чи гуна рохи бизнесро ёд гиранд?Пул медоштанд,бе омузиши биснес хам рохи бизнесро меёфтанд.
Ҳами машқ куно кушоду возеъ нишон додестиян ки ҳе халқ шумо кай ҳуқуқи худро талаб мекунен нашид худшон бромадиян майдон озодона нишон додестиян ки ёд гирен
Аз хама Военкомати Порахурхо дар чумхури. Н А Чоми мебошад. Як пропоршик. Бо тайота мегарда бокимондахош. Киа спартак. Мерсадес бенс. Сечка медонед даромадхои ин аз кучо. 10 нафар корша дар як сезон буд мекардан. Аз 7 хазор то 10 хазор сомон мегирфтан. Дар як сезон як коргари оди военкомат Аз. 70 то 100 хазор сомон кор мекардан. Райони бесохибхо факат корхояшон Аблавкуни ба кучо халк намедона даъво кунад
Рахмонуф пир шид бигзор бмона халк тинч зиндаги кна.хамачия манаполия кадай оилашкати.уже безор шидем ай рахмонуф.рахмонуф пенса брав илтимос