Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи охирин парвандаи гумонбари Гуантанамо


Додгустар Сюзан Кроуфорд, ки ба назорати ҷараёни бозрасии қазияи маҳбусони зиндони Гуантанамо машғул аст, дар мавриди қатъи охирин парванда амр содир кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, сухан аз парвандаи Абдураҳим Ан-Ноширӣ меравад, ки дар ҳамла ба киштии низомии амрикоии “Коул” дар соҳилҳои Яман дар соли 2000-ум гумонбар мешуд. Ба ин васила, фармони раисиҷумҳури ИМА Барак Обама барои аз ихтиёри додгоҳҳои низомӣ берун кардани парвандаҳои маҳбусони зиндони Гуантанамо иҷро шуд. Парвандаи ҳамаи 245 гумонбари терроризм бояд бознигарӣ шавад. Дар робита ба ҳар парванда ва дар мавриди бозрасии он дар ИМА ваӣ истирдоди гумонбар ба дигар кишвар тасмими ҷудогона гирифта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG