Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори навбатии Бан Гӣ Мун


Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун ҳушдор дод, ки нокомӣ дар роҳи пешгирӣ аз тағйири иқлим сабаби бесарусомонии иқтисодӣ дар ҷаҳон хоҳад шуд.

Мун аз кишварҳои ҷаҳон тақозо кард, то дар масъалаи коҳиши партоби газҳои гӯлхонаӣ – иллати аслии гармоиши кураи Замин – ба созиш биёянд. Биёбонҳо, таъкид намуд ӯ, васеътар ва оби ошомиданӣ камтар мешавад, ҷангалҳои тропикӣ низ батадриҷ хурдтар мешавад ва моҳигирҳо дигар ҳосили пурбаракат намегиранд.

Зимни суханронӣ дар ҳамоиши серӯза дар робита ба рушди муназзам дар ҷаҳон, ки дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ баргузор мешавад, Бан Гӣ Мун изҳор намуд, ки «нокомӣ дар роҳи мубориза бо тағйири иқлим сабаби афзоиши фақру машаққат хоҳад шуд». Ба ақидаи ӯ, ин падидае, ки кори дасти инсон аст, боиси бесуботии иқтисоди кишварҳо мешавад, ноамнӣ ба бор оварда ва монеъи иҷрои ҳадафҳо дар расидан ба рушди муназзам дар кишварҳои ҷаҳон хоҳад шуд.

Дабири кулли СММ хост, то тамоми кишварҳои ҷаҳон кӯшиш кунанд, ки моҳи декабри ҳамин сол дар шаҳри Копенҳаген, пойтахти Дания, дар масъалаи коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ба созиш бирасанд. Қарор аст дар ин ҳамоиш санаде қабул шавад, ки протоколи Киоторо пас аз анҷоми эътибораш дар соли 2012 иваз кунад. Мун мегӯяд: «Илм нишон додааст, ки инсоният манобеъи табиъии кураи Заминро босуръат холӣ мекунад. Инсоният медонад, ки, агар манобеъи табиъӣ босуръат истифода ва вазъи муҳити зист нодида гирифта шавад, фақру камбизоатӣ ҳам аз байн нахоҳад рафт».

Вазири умури хориҷаи Ҳиндустон Пранаб Муҳарҷӣ ҳам гуфт, ки кишвараш аз гармоиши кураи Замин ниҳоят нигарон аст.

Дар ҳамин ҳол, ҷабри бадтарини гармоиши кураи Заминро аз ҳама бештар кишварҳои дар ҳоли рушд мекашанд, ки аслан нақше дар офаридани ин мушкил надоранд. Ба иддаъои ин кишварҳо , мамолики мутараққӣ аз қабили Амрикову Фаронсаву Олмон ва ҳамчунин Русия масъули афзоиши газҳои гулхонаӣ дар фазо ҳастанд ва бояд ин мушкилро ҳал кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки худи Чин ҳоло аз бузургтарин ихроҷкунандаи гази гулхонаӣ буда, дар ин самт аз Амрико ҳам пеш гузаштааст. Ҳиндустон ҳам ба зудӣ дар ин росто аз Русия хоҳад гузашт.

Газҳои гулхонаӣ, аз қабили гази карбон, дар атмосфераи сайёра дармонда, намегузорад, то гармӣ ба берун хориҷ шавад. Ва ин сабаби пайомадҳои сангини иқлимӣ мегардад.
XS
SM
MD
LG