Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани амниятии Мюних оғоз мешавад


Имрӯз дар Мюнихи Олмон иҷлоси 45-уми анҷумани солонаи амниятӣ оғоз ба кор мекунад. Ин ҳамоиши серӯза даҳҳо раҳбари умдаи ҷаҳон, бо шумули ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва руъасои ҷумҳуриҳои Фаронсаву Афғонистон Никола Саркозӣ ва Ҳомиди Карзайро ба ҳам хоҳад овард. Қарор аст, дар ҳошияи анҷумани Мюних дабири кулли НАТО Яап де Ҳуп Схеффер бо муовини сарвазири Русия Сергей Иванов мулоқоти алоҳидае барпо кунанд.
XS
SM
MD
LG