Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми зидди оҷонсии низомии истихборотии Покистон


Вазорати хориҷаи Ҳинд гуфт, ки оҷонсии низомии истихборотии Покистон дар бомборонҳои моҳи ноябри Мумбай даст дорад. Дар изҳороти имрӯзааш вазири хориҷа Шившанкар Менон гуфт, ки ташкилкунандаҳои ҳамлаҳо ба ин созмони истихборотӣ иртибот мегиранд. Ҳинд ташкилоти мамнӯъшудаи Лашкари Таъибаро барои анҷоми ҳамлаҳои маргбори тирамоҳӣ муттаҳам карда инчунин гуфтааст, ки баъзе оҷонсиҳои расмии Покистон низ дар ин амалиёт даст доранд, аммо то имрӯз исми оҷонсии низомии истихборотии Покистонро ба забон наоварда буд. Покистон даст доштани сохторҳои давлатиро дар он рӯйдодҳо рад кардааст.
XS
SM
MD
LG