Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси сомонаи интернетии соҳибкорон


Соҳибкорон дар Бадахшон сомонаи интернетии худро таъсис доданд.

Ин нахустин сомонаи интернетии ҳирфҳаи дар минтақа бо ибтикори ассотсиатсияи соҳибкорон ва фермерони «Миллал интер» фаъол шудааст. Роҳбари ассотсиатсия Боймамад Алибахшев ҳадафи таъсиси сомонаро муаррифӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва имконоти табиии минтақа ба манзури ҷалби шакрикони тиҷоратӣ ва иқтисодӣ арзёбӣ намуд.

Сомона ба забони русӣ боз шуда, рӯзҳои наздик саҳифаҳои он ба забони тоҷикӣ ва англисӣ дар хизмати истифодабарандагон қарор хоҳанд гирифт. Раҳбари ассотсиатсия дар шароити дурафтодагии минтақа шабакаи интернетиро василаи муассири иттилоърасонӣ дар муаррифии фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақа мешуморад.

Дар ҳамин ҳол теъдоди соҳибкорони расмӣ тайи соли гузашта аз 5 ҳазор то ба 3 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Аммо масъулини идораи иктисод коҳиш ёфтани шумораи соҳибкоронро натиҷаи ба низом даровардани патент ва шаҳодагномагирӣ ба дунболи тағйиру иловаҳо ба кодекси андоз медонанд.

Дар ҳамин ҳол идораи омор аз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати дар минтақа хабар додааст. Гуфта мешавад, ки барои нахустин бор тайи солҳои ахир нишондиҳандаҳои корхонаҳои истеҳсолии хусусӣ зиёд шудаанд. Тибқи иттлоъи расмӣ, тайи соли гузашта дар вилоят шаш корхонаи хурди истеҳсолӣ таъсис ёфтааст.
Дар ин давра ҳамчунин наздик ба 200 соҳибкори нав ба қайд гирифта шуда, ба афзоиши шумораи соҳибкорон густариши тиҷорати марзӣ мусоидат кардааст.

Масъулини идораи иқтисод мегӯянд, ки аммо то ба ҳол дар вилоят ягон корхонаи хусусии хурди муштарак амал намекунад. Ба гуфтаи онҳо, соҳибкорон барои ҳамкорӣ ва ҷалби сармоя бо назардошти захоири табиии минтақа бо ҳамтоёнашон аз имконот бархурдоранд, аммо аз он истифода нашудааст. Аммо соҳибкорон халои иттилоотиро як мушкили фаъолияти соҳибкори унвон карда мегӯянд, ки аз ҷониби дигар бинобар монеаҳои қонунгузорӣ соҳибкорони минтақа дар мавриди амалӣ сохтани нақша ва имконоти хеш бештари вақт даступобаста мемонанд.

XS
SM
MD
LG