Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳадди аксари маоши бонкирҳоро таъйин кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дирӯз эълон кард, ки маоши солонаи раҳбарони бонкҳо ва ширкатҳое, ки ба хотири наҷот аз расвоӣ аз давлат кӯмаки молӣ металабанд, набояд болиғ аз ним миллион доллар бошад. Дар соли гузашта ин масъала, ки раҳбарони бонкҳои рӯ ба расвоиву варшикастагӣ ва ҷӯёи дасти ёрии давлат аз маошу имтиёзҳои чандмиллиондолларии худ заррае кам накардаанд, хашми ҷомиаи Амрикоро барангехта буд.
XS
SM
MD
LG