Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи 1 доллар ба 4 сомонӣ расид


Дар марказҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе нархи як доллари амрикоӣ ба чор сомонӣ расидааст.

Ҳамзамон аксари масъулони дӯконҳои сарофии Душанбе мегӯянд, ки барои фурӯш доллари нақд надоранд. Қиммати як доллари амрикоӣ субҳи дирӯз 3 сомонӣ ва 75 дирамро ташкил мекард.

Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ҷаҳиши якбораи нархи долларро ба ҳамҳама ва изтироби харидорони доллар бар асари овозаҳои беасос дар мавриди болоравии арзиши доллари амрикоӣ рабт медиҳанд.

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз раванди болоравии нархи доллар ва поинравии арзиши сомонӣ ҳаррӯза аз як то якуним миллон доллари нав аз захираҳои эҳтиётии худро ба фурӯш гузорад.

XS
SM
MD
LG