Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии барномаи ҳастаии Эрон дар Олмон


Намояндагони шаш қудрати аслии ҷаҳонӣ - ИМА, Русия, Чин, Олмон, Бритониё ва Фаронса имрӯз дар Олмон барои баррасии барномаи ҳастаии Эрон ташкили ҷаласа мекунанд. Нишасти Франкфурт дар ҳоле баргузор мешавад, ки рӯзи гузашта Эрон нахустин маҳвораи худро бомуваффақият ба мадори замин партоб кард. Хабари мазкур дар аксар давлатҳои ғарбӣ бо нигаронӣ қабул шуд. Дар Вашингтон вазири хориҷаи Амрико Ҳиллари Клинтон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дипломатияи "шадидлаҳн ва мустақим"-ро бо Эрон дунбол хоҳад кард ва афзуд, дар сурате, ки Теҳрон бо тақозоҳои байналмилалӣ мувофиқат накунад, бояд "бо паёмадҳое рӯбарӯ" шавад.

XS
SM
MD
LG