Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАЛКО масрафи барқро 30 фоиз кам мекунад


ТАЛКО, ширкати алюминсозии Тоҷикистон, тасмим гирифтааст ба далели бӯҳрони энержӣ масрафи нерӯи барқ дар шабонарӯзро то 30 дар сад коҳиш бидиҳад. Ин корхона бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар шабонарӯз 21 миллион киловат-соат нерӯи барқ масраф мекард. Акнун масрафи шабонарӯзии барқ дар ин корхона ба ҳадди 15 миллион киловатт-соат пойин омадаст. Масъулони ширкат фаъолияти 100 сандуқи электролизиро, ки дар он алюминий гудохта мешавад, мутаваққиф кардаанд. Гуфта мешавад Ӯзбакистон тронзити барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистонро қатъ кард ва ба хотири интиқоли бештари нерӯи барқ ба аҳолӣ ширкат чунин тасмим гирифтааст. Аз сӯи дигар баҳои арзиз дар бозори ҷаҳонӣ ба таври қобили мулоҳиза пойин рафтааст ва талош барои афзоиши тавлидот низ дар ин марҳала судманд набудааст. Дар баёнияи ин ширкат гуфта мешавад, рӯзҳои наздик боз як миллион киловатт-соат нерӯи барқ аз масрафоти ин корхона коҳиш дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG