Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дастаи крикети миллии Афғонистон


Имрӯз даҳҳо нафар афғонон дар фурудгоҳи Кобул бо хушҳолӣ аз дастаи крикети миллии Афғонистон истиқболи гарм ба амал оварданд. Дастаи афғон баъд аз пирӯзӣ дар даври севвуми бозиҳо дар Аргентина ба бозиҳои қаҳрамонии крикети ҷаҳонӣ дар соли 2011 роҳ ёфт. Оллоҳ Дод Нур-яке аз аъзои дастаи крикети миллии Афғонистон дар фурудгоҳи Кобул хушҳолии худро ин гуна иброз дошт:

"Ин барои Афғонистон як қаҳрамонии хосе аст. Ва ман ин пирӯзиро аз раиси ҷумҳур гирифта, аз вазирону порламон гирифта, то ба ҳамаи вулуси ҷангзадаи Афғонистон табрик мегӯям ва дар ин вақт эҳсоси хушӣ мекунем".

Крикет варзиши маъмулии Афғонистон нест ва аъзои дастаи миллӣ ин бозиро дар хориҷ ёд гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG