Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду нафар дар резиши санг дар водии Рашт


Бар асари сангрезӣ дар километри 160-уми роҳи Душанбе-Тавилдара 2 нафар кушта ва 5 тани дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон ба хабаргузории Авесто гуфтаанд, бар асари сангрезӣ дар ин қисмати роҳ як мошини УАЗ-469 бо 7 мусофир аз баландии 50 метр ба умқи дарёи Хингоб уфтодааст. Ду мусофири ин мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 5 тани дигарро бо ҷароҳатҳои мухталиф барои табобат ба бемористони ноҳияи Нуробод мунтақил кардаанд.
XS
SM
MD
LG