Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз мулоқоти сафир таъаҷҷуб карданд


Ду гурӯҳи ҳуқуқи башари Русия, яъне "Мемориал" ва "Сова Сентр" мулоқотҳои ахири Раимқул Аттакуров -сафири Қирғизистон дар Маскавро бо гурӯҳҳои нажодпараст маҳкум кардаанд. Ин гурӯҳҳо бар зидди муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ дар Русия ба таври фаъол мубориза мекунанд. Аттакуров дар мусоҳибае бо ҳафтаномаи "Дело Номер" гуфтааст, вай бо Дмитрий Демушкин-раҳбари миллатгарои мавсум ба "Иттиҳоди Славянҳо" моҳи декабр ва сипас моҳи январ мулоқот кардааст. Дар як талоше барои тавҷеҳ кардани ин мулоқотҳояш Аттакуров гуфтааст, ҳадафи вай ҳимоят аз шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия будааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, танҳо дар соли 2008 аз дасти ин миллатгароёни рус 122 нафар кушта, 377 нафар маҷруҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG