Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори бозгашти асокири амрикоӣ аз Ироқ аст


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, интизор дорад, ки як теъдоди “қобили мулоҳиза” аз 140 000 сарбози феълан дар Ироқ мустақарбудаи Амрико дар зарфи як соли оянда аз Ироқ ба ватан бар хоҳад гашт. Обама, ки тавассути шабакаи телевизионии Эн Бӣ Сӣ сухан меронд, интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар Ироқро, ки рӯзи шанбе доир шуд, муҳим хонд ва ба он таъкид кард, ки ин маърака бидуни хушунат анҷом шудааст. Обама гуфт, мавзеъи феълии Амрико ба ихтиёри худи ироқиҳо вогузор кардани масъулияти бештар дар он кишвар аст.
XS
SM
MD
LG