Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии эътирозӣ дар Маскав


Садҳо нафар дар Маскав, пойтахти Русия, бо талаби хатми “қатлҳои сиёсӣ” раҳпаймоии эътирозӣ доир карданд. Ин тазоҳурот ба дунболи қатли вакили шинохтаи мудофеъи ҳуқуқи башар Станислав Маркелов ва хабарнигори нашрияи “Новая газета” Анастасия Бабурова, ки дар рӯзи рӯшан дар Маскав ҳадафи сӯъиқасд қарор гирифтанд, баргузор шуд. Эътирозгарон хостори таҳқиқи зудтари парвандаи қатли Маркелов ва Бабурова шуданд. Маркелов мухолифи раҳоии пеш аз мӯҳлати сарҳанг Буданов буд, ки бо ҷурми қатли ваҳшиёнаи духтари навраси чечен Элза Кунгаева ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале дар моҳи январ аз маҳбас раҳо шуд.
XS
SM
MD
LG