Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Бародай аз имкони гуфтугӯи мустақим


Муҳаммад Бародай, раҳбари Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, аз имкони гуфтугӯи мустақим миёни Амрикову Эрон бар сари барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Теҳрон истиқбол кард. Раҳбари ин муассисаи вобаста ба СММ дар мусоҳиба бо рӯзномаи амрикоии “Вошингтон Пост” гуфт, ин ду ҷониб дар амри роҳандозии музокироти мустақим ва бидуни қайду шарти пешакӣ “ комилан дер кардаанд.” Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама пиромуни имкони гуфтугӯ бо Эрон аломат додааст. Обама ҳафтае пеш дар мусоҳибааш гуфт, ки агар раҳбарони Эрон мушти гиреҳкардаи худро кушоянд, Амрико ба сӯи Эрон дасти дипломатияашро дароз мекунад.
XS
SM
MD
LG