Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргузории интихоботи маҳаллӣ дар Ироқ


Интихобот дар шаҳри Наҷаф
Интихобот дар шаҳри Наҷаф

Дар Ироқ ҳисоби раъйҳо дар интихоботи шӯроҳои маҳаллии музофотӣ идома дорад.

Бино бар гузориши расонаҳо, феълан дар ҳисоби ороъи шаҳрвандони ин кишвар, ки 31-уми январ дар интихоботи маҳаллӣ ширкат намуданд, дар ҳоли идома аст.

Қарор аст, ки натоиҷи ибтидоии раъйдиҳӣ рӯзҳои наздик эълон шавад. Бино бар иттилоъоти аввал, иштироки интихобкунандагон дар интихоботи ахир хеле баланд будааст.

Чораҳои амниятӣ дар интихобот
Лозим ба тазаккур аст, суннимазҳабони кишвар, ки интихоботи соли 2005-ро таҳрим карда буданд, дар ин интихобот ширкати фаъъол намуданд.

Таъйид шудааст, ки интихоботи имсола дар вазъи ором доир гардид. Сардори ҳукумати кишвар Нурӣ ал-Моликӣ доиргардии интихоботро пирӯзии ҳамаи ироқиҳо арзёбӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, Барак Обама, раисҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки интихобот қадами муҳимме дар интиқоли пурраи масъулияти ояндаи Ироқ ба дасти худи ироқиҳост.
XS
SM
MD
LG