Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милисаи Маскав тазоҳургаронро боздошт кард


Имрӯз кормандони милисаи шаҳри Маскав, ба иттилоъи манобеъи гуногун, аз 40 то 60 тан аз ширкаткунандагони намоишҳои эътирозии мухолифинро боздошт карданд. Миёни онҳо – раҳбари Ҳизби мамнӯъи миллӣ-болшевикӣ Эдуард Лимонов низ ҳаст. Маркази хабарии Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандӣ иттилоъ дод, ки мақомот ба вакилони мудофеъ барои мулоқот бо боздоштшудаҳо иҷоза намедиҳанд.

Имрӯз дар шаҳрҳои гуногуни Русия гирдиҳамоиҳои ҷонибдорон ва мухолифини ҳукумат пешбинӣ шуда буданд. Гирдиҳамоиҳои созмондодаи ҳизби ҳукмрон “Русияи муттаҳид” бо пуштибонӣ аз тарҳи зиддибӯҳронии сарвазир Владимир Путин бидуни мамониат доир шуданд ва ҳамзамон кормандони ҳифзи тартибот дар роҳи намоишҳои эътирозии мухолифин саддҳои чинӣ эҷод карданд.

XS
SM
MD
LG