Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон аз интихоби Шариф Аҳмад истиқбол кард


ИМА аз интихоби Шайх Шариф Аҳмад дар мақоми раисиҷумҳури Сомалӣ истиқбол кард. Дар изҳороти сафорати ИМА дар Найробӣ гуфта шудааст, ки Вошингтон аз талошҳои раисиҷумҳури нав барои таъмини субот дар Сомалӣ пуштибонӣ хоҳад кард. Шайх Шариф Аҳмад, номзади исломгароҳои мутавассит аст ва ӯ сарварии Шӯрои додгоҳҳои исломиро низ бар дӯш дорад. Ин Шӯро соли 2006 ум дар низоъи дохилӣ дар Сомалӣ бахши аъзами қаламрави кишварро дар ихтиёри худ қарор дод.

Шайх Шариф Аҳмад дар даври дуввуми интихобот дар порлумон аз болои Маслаҳ Муҳаммад Сиад, писари раҳбари мустабиди пешини Сомалӣ пирӯз шуд. Гуфта мешавад, ки бино ба вазъи ноором дар Сомалӣ райъдиҳии вакилони порлумон дар кишвари ҳамсоя – Ҷибутӣ сурат гирифт. Интихоботи президентии Сомалӣ таҳти сарпарастии СММ баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG