Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Африқоинажод - раҳбари ҷумҳурихоҳони ИМА


Майкл Стил, муовини пешини волии аёлати Мэриленд раиси Кумитаи Миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳони ИМА интихоб шуд. Ӯ нахустин африқоинажод аст, ки дар ин маснад пазируфта мешавад. Барои интихоби раҳбари ҷумҳурихоҳон баргузории шаш даври райъдиҳӣ зарур шуд. Дар даври ниҳоиӣ аз Майкл Стил 91 тан аз 168 аъзои Кумитаи Миллӣ раъй доданд, дар ҳоле, ки барои пирӯзӣ дарёфти 85 овоз кофӣ буд. Аз ҳарифи Стил - Кэтон Доусон 77 узви Кумитаи Миллӣ пуштибонӣ карданд.

Зимнан, ибтидо касе ба пирӯзии Майкл Стил эътимод надошт ва бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки дар интихобот раиси ҷумҳурихоҳон Майкл Данкэн баранда хоҳад шуд. Ва аммо баъд аз ду даври интихобот ӯ аз идомаи сабқат маҳрум монд.
XS
SM
MD
LG