Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Ироқ мақомоти маҳаллиро интихоб мекунанд


Интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар Ироқ зери тадобири шадиди амниятӣ идома дорад. Ба иттилоъи расмӣ, барои дарёфти 440 курсӣ дар сохторҳои маҳаллӣ беш аз 14 ҳазор нафар талош мекунанд. Имрӯз дар бузургтарин шаҳрҳои Ироқ вазъи фавқулодда ҷорӣ шудааст. Вуруди нақлиёт ба шаҳри Басра, воқеъ дар ҷануби кишвар, мамнӯъ аст. Дар бархе аз маҳаллаҳои Бағдод низ, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ, ҳаракати нақлиётро манъ кардаанд. Гуфта мешавад, ки рӯзҳои ахир дар ҳамлаҳои ҷудогона дар Бағдод, Мосул ва вилояти Диёл се номзад ба мақомоти маҳаллӣ кушта шудаанд.

Дар райъдиҳӣ тақрибан 15 миллион сокинони Ироқ ширкат мекунанд, Интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар 14 вилоят мегузарад, дар чаҳор вилояти боқимонда – Даҳук, Эрбил ва Сулаймония, ки ба минтақаи мухтори Курдистон шомиланд ва дар Киркук ин маърака барои чанд рӯз мавқуф гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG