Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замин бозпас гирифта шуд


Ҳукумати Тоҷикистон ахиран муваффақ бар он шуд, то ҳудуди 3 ҳазор ҳектор замини худ дар ноҳияи Ҳамадониро аз ихтиёри давлати Афғонистон бозпас бигирад.

Ба қавли масъулини ноҳияи Ҳамадонӣ заминҳои мазкур ҳануз авоили тобистони соли 2005 бинобар обхезӣ ва дигар шудани маҷрои рӯдхонаи Панҷ ба ҷониби Афғонистон гузашта буд.

Хуҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки масъалаи ба ҷониби Тоҷикистон гузуштани заминҳо тайи 8 рӯз дар ҳайати як комиссиюни муштарак иборат аз 32 нафар ҳаллу фасл шуд. Ҷаноби Фазлиддинов аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ахиран ҷониби Афғонистон дархости ҳукумати Тоҷикистонро дар мавриди баргардонии заминҳои мазкур ба хубӣ пазируфтааст.

Гуфта мешавад, дар заминҳои мазкур қаблан кишти пахта ба роҳ монда шуда буд, вале пас аз дигар шудани маҷрои рӯдхонаи Панҷ таи се сол боз он аз истифодаи Тоҷикистон берун монд.

Билоли Шамс, рӯзноманигори маҳаллӣ, ки дар ин мавзӯъ қаблан таҳқиқот анҷом додааст, мегӯяд, то ба ин дам ҳатто дар ин заминҳо ворид шудани шаҳрвандони Тоҷикистон хатарнок маҳсуб меёфт, зеро пас аз ҳодисаи табиӣ, ки боиси дигар шудани маҷрои рӯдхонаи Панҷ шуд, дар минтақа гурӯҳҳои силоҳбадасти афғонистонӣ ба коркарди тило ва шикори паррандаҳо шуғл доштанд.

Аммо дар ҳамин ҳол ба фоидаи Тоҷикистон ҳал шудани ин мушкил ба қавли рӯзноманигор аз муносиботи хуби ҳамсоядории ду кишвар шаҳодат медиҳад.

Феълан, ба қавли масъулини ноҳияи Ҳамадонӣ, аломатҳои шартӣ дар ҳудуди 22 километри хати марзӣ, ки бар асари туғёни Панҷ осеб дида буд, аз сари нав барқарор мешавад. Ҳамчунин дар ин мавзеъ барои дубора рӯдхонаи Панҷро ба маҷрои қаблӣ баргардонидан корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шурӯъ шудааст. Интизор меравад, ки пас аз анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин мавзеъ, ки се ҷамоати ноҳияи Ҳамадониро дар бар мегирад, пас аз се сол дубора кишти пахта ба роҳ монда шавад.

XS
SM
MD
LG