Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаврон ба даврони нави ҳамкорӣ даъват кард


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ба раҳбарии Амрико омадани Барак Обама даврони нави ҳамкории ҷаҳонро мумкин мегардонад. Лавров дар матлабе, ки рӯзномаи бритониёии “Гардиан” нашр кард, даъвати раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар бораи эъмори сохтори нави амниятӣ дар қораи Аврупоро такрор карда, ҳамчунин хостори аз байн бурдани сохторҳои бозмонда аз даврони Ҷанги сард, аз ҷумла паймони низомии НАТО, шудааст. Лавров исрор варзида, ки ин пешниҳодҳо ягон ҳадафи зеризаминӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG